Қадршиносии собиқадорони меҳнат

07.04.2023 10:10

 
21 март ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз 4 нафар собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ноҳия ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа саҳми шоистаи худро гузоштаанд, бо туҳфаҳои пулии раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Мастчоҳ сарфароз гардонида шуданд.
Туҳфаҳоро раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода ба собиқадорони меҳнат супурданд.
Меҳмонон собиқадорони меҳнатро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати фарорасии наврӯзи Хуҷастапай табрику муборакбод гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти меҳнативу зиндагии онҳо барои мутахассисони ҷавон намунаи ибрат буда, ғамхорӣ дар ҳаққашон аз вазифаҳои муқаддас маҳсуб мешавад.
Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои ояндаи шукуфони давлат ва рушду пешравии ҳама самтҳои муҳими ҷомеа дуои нек карданд.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter