БОЛОРАВИИ НАРХҲО ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

07.04.2023 10:25

 

23 март раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти аввалия, танзими фаъолият дар бозорҳо ва марказҳои савдо ба Бозори марказии ноҳия ва чанде аз фурӯшгоҳҳои шаҳраки Бӯстон ташриф оварда, бо маъмурияти бозори марказӣ ва соҳибони фурӯшгоҳҳо суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.

Раиси ноҳия аз болоравии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт, тухм ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои асосии ин раванд ва бартарафсозии он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд.

Ҳамчунин, раиси ноҳия ба маъмурияти бозор барои сари вақт чораандешӣ намудани фурӯшандаҳое, ки худсарона нархи маҳсулотро боло мебардоранд, дастур дод, ки дар ин самт тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намояд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter