ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲРАК

07.04.2023 10:38

 

Бо мақсади шиносоӣ аз раванди корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии ҳудуди шаҳрак, ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз 23 марти соли 2023, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз маркази ноҳия -  шаҳраки Бӯстон дидан намуд.

Зимни боздид раиси ноҳияро муовинони раиси ноҳия, роҳбарияти хоҷагии манзилию коммуналӣ,  сохторҳои дахлдор, раиси кумиҷрои ҲХДТ дар ноҳия ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.

Аз ҷониби раиси ноҳия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳрак, сарсабзу хуррам нигоҳ доштани шафати роҳи протоколӣ, нигоҳдории истифодабарии роҳҳо, таъмиру навсозии роҳҳои ҳудуди шаҳрак, шинонидани гулҳои ороишии мавсимӣ, дарахтони ҳамешасабз, беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ, тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ, истифодаи оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳрак, хизматрасонии босифати нақлиётӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳо, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа, зери назорат қарор додани шиору овезаҳо ва нигоҳубини корҳои анҷомдодашуда ба масъулини сохторҳои дахлдор ва шаҳрак дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид намуд, ки дар ин самт фаъолиятро густариш диҳанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter