Кумаки мардуми Мастчоҳ ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

07.04.2023 10:46

 

25 март бо ташаббуси раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ҷонибдори аз сиёсати инсонпарваронаи асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумаки мардуми Мастчоҳ ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷониби кӯҳистон равона шуд.

Кумакҳо аз 18 тонна маҳсулоти сохтмонӣ ва озуқаворӣ, аз ҷумла 6 тонна семент, 300 дона шифер, 4 кубометр чӯбу тахта, 500 кг биринҷ, 600 литр равған, беш аз 300 кг макарон, 500 кг сабзӣ ва 500 кг пиёз иборат мебошанд.

Барои расонидани кумакҳо ба минтақаи осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муовинони раиси ноҳия вазифадор гардидаанд.

Таъкид шуд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  зодгоҳи бобоӣ ва аслу насаби мардуми Мастчоҳ буда, аҳолии ноҳия бо мардуми кӯҳистон пайванди ногусастанӣ доранд.

Дар ин рӯзҳои сахту пурмусибат, ки дар пайи харобкориҳои заминларзаи шаби 23 март баъзе манзилҳои истиқоматӣ ва оғилхонаҳои сокинон осеб дидаанд, мардуми Мастчоҳ наметавонанд худро дар канор гиранд. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мардуми Мастчоҳ омодаанд ба ҳамдиёрони худ дасти ёрию кумак дароз намоянд.

Дар ин кори хайр соҳибкорон, ходимони дин, масчидҳои ҷомеъ ва ашхоси саховатпешаву хайрхоҳи ноҳия саҳм гузоштанд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter