Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

07.04.2023 10:48

 
2 апрел як гурӯҳ ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатии маркази ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшудагон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ ба падару модарони наваскароне, ки бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ намудаанд, сипосу миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён дошт.
Зикр карда шуд, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ - муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд.
Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки мо бояд ҳамеша барои иҷрои вазифаи аз ҳама муҳим – ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амният, бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ омода бошем.
Дар поёни суханронӣ раиси ноҳия даъватшудагонро ба хизмати содиқона, дӯст доштани Ватан ва содиқ будан ба халқу давлат ҳидоят намуда, барояшон хизмати бобарор таманно намуд.
Дар идома комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода суханронӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҷавонписарони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии кишвар, таъмини оромиву суботи мамлакат ва пешрафти Тоҷикистони азиз ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ба шоистагӣ иҷро менамоянд.
Сипас, даъватшаванда Холиқзода Алимардон, ки пас аз хатми яке аз донишгоҳҳои кишвари Русия ба Тоҷикистон баргашта, бо ҳидояти модар ва амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ дидааст, суханронӣ намуда, афзуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки шараф ва ифтихори бузург аст.
Сархатиби ноҳия Абдуҷаббор Мирзобеков зимни суханронӣ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро вазифаи муқаддас дониста, аз ҷавонон даъват намуд, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайваста, дар ин мактаби ҷасорату матонат ва худшиносиву худогоҳӣ сарбаланду садоқатмандона хидмати ҳарбиро адо намоянд.
Дар фарҷом ба 80 нафар даъватшавандае, ки бо ибтикор ва дастгириҳои раиси ноҳия Аъзам Ализода дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ курси ронандагиро таи ду моҳи охир омӯхтанд, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ имрӯз дар қатори дигар ҷавонписарони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Барномаи ҷолиби консертӣ бо иштироки санъаткорони ноҳия маъракаи гусели наваскаронро хубу хотирмон бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter