Боздид аз рафти кишти пахта дар заминҳои Коллеҷи кишоварзӣ

07.04.2023 10:51

 

Ҷиҳати шиносоӣ ба рафти иҷрои дурнамои кишти пахта ва суръат бахшидан ба раванди кишту кори саҳроӣ рӯзи 2 апрел раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз заминҳои хоҷагии таълимии Коллеҷи кишоварзии ноҳия дидан намуд.

Ба раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки имсол аҳли заҳмати коллеҷ нақша доранд дар майдони зиёда аз 60 гектар кишти пахта гузаронанд. Ҳоло дар заминҳои ин муассисаи давлатӣ кишти пахта идома дошта, кишоварзони он аз навъҳои тухмии “Дӯстӣ” ва “Иншан -2” кишт карда истодаанд.

Майдони умумии заминҳои корами Коллеҷи кишоварзӣ 89,14 гектар буда, қисме аз онҳо боғ, дар 5 гектари он ғалладонагиҳо, 2 гектар картошкаи барвақтӣ, 1 гектар пиёз ва дар 9 гектар дигар намуди зироатҳо кишт карда шудааст. 

Зимни шиносӣ раиси ноҳия ба роҳбарияти муассиса оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, зиёда аз 2 ҳосил рӯёндан, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо тавсияҳои судманд дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ кишти пахта идома дошта, соли равон тибқи дурнамо дар майдони 12350 гектар пахта кишт карда мешавад. 

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter