Боздиди Раиси вилоят аз фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ

07.04.2023 10:52

 
4 апрели соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ боздид намуда, бо ҷараёни бунёдкориҳо ва рафти корҳои саҳроӣ шинос гардид.
Дар доираи сафар Раиси вилоят нахуст раванди истеҳсолотро дар фабрикаи ресандагии ноҳия мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли гузашта дубора ба кор андохта шуда, таҷҳизоти зарурӣ ворид ва истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин фабрикаи бузург 200 нафар ба кор ҷалб гардида, 250 ҷойи кории дигар муҳайё гардидааст. Дар фабрикаи ресандагӣ, ки ҳоло ҶСП «Арвиз Зелал Текстайл» ном дорад, ҷиҳати ба иқтидори лоиҳавӣ расонидани коркарди пахта тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, барои фаъол намудани коргоҳи дуюми ресандагию дӯзандагӣ харидории 50 адад дастгоҳҳои муосир ба нақша гирифта шудааст.​
Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дар оянда ба роҳ мондани​ истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби занону бонувон-сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки истифодаи иқтидори пурраи корхона​ боиси бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ гардида, ба корхона низ фоидаи хуб меорад ва дар ин зимн ба рушди пахткорӣ дар ноҳия низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter