Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ 12350 гектар пахта кишт карда мешавад

07.04.2023 12:18

 
Соли равон дар​ зиёда аз 60 гектар​ заминҳои​ Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ кишти чигит гузаронида мешавад. Дар ин бора зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳия маълумот дода шуд.
Имрӯзҳо дар заминҳои ин муассисаи давлатӣ кишти пунбадона идома дошта, кишоварзон аз навъҳои тухмии «Дӯстӣ» ва «Иншан -2» истифода мебаранд.​ Майдони умумии заминҳои корами Коллеҷи кишоварзӣ 89,14 гектар буда, дар қисме аз онҳо боғ бунёд гардида, дар 5 гектар ғалладона, 2 гектар картошкаи барвақтӣ, дар 1 гектар пиёз ва дар 9 гектар дигар намуди зироат кишт карда шудааст.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ​ ба роҳбарияти ноҳия ва​ масъулини муассиса оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, 2-3 ҳосил рӯёнидан ва инчунин баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо тавсияҳои судманд дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳияи Мастчоҳ соли равон дар майдони 19546 гектар гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз он 12350 гектарашро кишти пахта, 2000 гектар зироатҳои равғандор, 1551 гектар кишти ғалладонагиҳо, 2600 гектар полезӣ, 125 гектар картошкаи барвақтӣ, 180 гектар сабзавот ва 740 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Барои кишти пахта, дар соли 2023 аз ҳисоби ҳосили соли 2022 дар корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия зиёда 1000 тонна тухмӣ истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ноҳия беш аз 200 тонна пунбадонаи тухмӣ аз навъҳои “Иншай-2”, “Дӯстӣ”, “Инхай” ва “Бухоро-102” берун аз ноҳия ворид карда шуд. Ғайр аз ин барои кишти дигар зироатҳои баҳорӣ захираи эътимодбахши тухмиҳо захира шудааст.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят вазъи омодагии пойгоҳҳои обкашии ноҳияро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, бобати сари вақт​ бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод. Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмиру омодасозии пойгоҳии обкашии ноҳия барои мавсими имсола маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter