Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

09.04.2023 09:27

 
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба хабаргирии​ собиқадорони меҳнат рафт.
Раиси вилоят аз ҷумла аз ҳоли собиқадори хизмати давлатӣ Сурайё Ёқубова ва собиқадори соҳаи маориф Абдумуъмин Бойзоқов хабар гирифта, бо онҳо суҳбати анҷом дод. Аснои мулоқот собиқадорон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ намуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Ҳукумати мамлакат миннатдории худро расониданд.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки роҳбарияти вилоят тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба собиқадорони меҳнат ғамхорӣ менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо рафти корҳои омодагӣ дар коргоҳи коркарди чормағзи заминии ҶДММ «Ҷаъфар», фермаи чорвопарварии ҶДММ «Некбахт» ва марказҳои хизматрасонии соҳибкорони маҳаллӣ шинос шуда, барои ба фаъолият омода сохтани иншооти ҷашнӣ супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter