ОБОДИИ МАҲАЛ. Сокинони маҳаллаи Ганҷобод бо симчӯбҳои бетонӣ таъмин шуданд

09.04.2023 09:28

 
Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ сокинони маҳаллаи навбунёди Ганҷободи ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ бо 100 адад симчӯби бетонӣ ва 2 адад трансформатор бо иқтидори 400 кВа таъмин мешаванд.
Имрӯз, 5 апрел 50 адад аз симчӯбҳои бетонӣ ба маҳаллаи мазкур дастрас шуда, корҳои васлу насби хатҳои барқ рӯзҳои наздик оғоз мегарданд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни суҳбат бо сокинони маҳаллаи Ганҷобод мардумро ба корҳои ободонӣ дар маҳал ва сарфаҷӯии нерӯи барқ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳар як сокини ватандӯст бояд ободкориро аз манзили худ оғоз намуда, дар корҳои ободонию созандагии маҳали зисти худ саҳми арзандаи хешро гузорад.


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter