Мастчоҳ. Бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта ба кор медарояд

09.04.2023 09:30

 
Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкории ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як корхонаи истеҳсоли хишти пухта пас аз навсозӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Корхона ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта ба кор оғоз карда, вале пас аз истиқлолият бо иқтидори кам хишт истеҳсол менамуд.
Ҳоло корҳои навсозию барқароркунӣ дар қисмати танӯрҳои корхона ҷараён дошта, баробари ба фаъолият шурӯъ кардан дар он беш аз 50 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Пас аз ба кор оғоз кардан ин дуюмин ва бузургтарин корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар ноҳияи Мастчоҳ хоҳад буд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли он наздик ба 20 млн. дона хишт дар як солро ташкил медиҳад.
Барои чунин иқтидори бузурги истеҳсоли хишт роҳбарияти корхона Исмоилов Шероз таҷҳизоти навро аз кишвари Чин харидорӣ намудааст.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни шиносоӣ бо корҳои навсозиву барқароркунӣ ба роҳбарияти корхона ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити хуби корӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter