Дар маҳаллаи Боғ мактаби нав бунёд мешавад

09.04.2023 09:31

 
Дар маҳаллаи Боғи Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар доираи нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мактаби нави дуошёна бунёд мешавад.
Таҳкурсии бино ҳанӯз соли 2020 гирифта шудааст. Тибқи лоиҳа мактаби нав аз 5 синфхона ва ду утоқи корӣ барои омӯзгорон иборат буда, он барои зиёда аз 100 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Бинои мактаб бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи ҳашар сохта мешавад.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода аз рафти корҳои омодагии сохтмони мактаб дидан карда, бо сокинони маҳалла ва соҳибкорон суҳбат намуд.
Таъкид карда шуд, ки бинои мактаб дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд сохта ба истифода дода шавад.
Маҳаллаи Боғ маҳаллаи навбунёд буда, дар он наздик ба 2 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter