ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети ноҳияи Мастчоҳ дар семоҳаи якуми соли 2023
Раёсати молия дар ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботии семоҳаи якуми соли 2023 корҳои назаррасро анҷом дод. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети умумии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 32228,0 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 722,0 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 3352,4 ҳазор сомонӣ ё 11,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағи умумии 10087,1 ҳазор сомонӣ ё баробари 103,3 фоизи нақшаи андози иҷтимоӣ ворид карда шуд, ки аз он андози иҷтимоии буҷетӣ 3820,5 ҳазор сомонӣ (103.4 фоиз) ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 6266,7 ҳазор сомониро (103,2 фоиз) ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар умум 6,7 фоиз афзуда, аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 22,9 фоиз зиёд ва корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 1,2 фоиз кам гардидааст.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ дар баробарӣ таъмини иҷрои пурраю барзиёдӣ буҷети умумии ноҳия, сифатнокии иҷрои нақшаи се намуди андозу пардохтҳо таъмин нагардид, аз ҷумла нақшаи андоз аз арзиши иловашуда 81,7 фоиз, андоз аз истифодабарандаи қаъри замин 61,3 фоиз ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ 48,1 фоиз иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 703,6 ҳазор сомонӣ ворид нашуд.
Дар марҳилаи ҳисоботӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ тибқи тартиби муқаррарӣ роҳандозӣ гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз рўи меъёрҳои тасдиқшудаи ҳиссаҷудокунӣ аз андоз 12790,3 ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақша 223,3 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 15,2 фоиз ё 1684,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2023 ба андозаи 102,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 18939,0 ҳазор сомонии нақшавӣ ба он 19437,7 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 498,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати семоҳаи якуми соли 2022 1667,1 ҳазор сомонӣ ё 9,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағи қарзи андозҳо нисбати аввали сол 147,7 ҳазор сомонӣ кам гардида, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз дар ҳолати 1 марти соли 2023 дар ноҳия ба 5958,8 ҳазор сомонӣ баробар аст.
Хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2023 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба роҳ монда, дар ин давра ба иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия 21662,9 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 93,8 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақшаи аниқшуда 1443,7 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба хароҷоти амалии ҳамин давраи соли 2022 1706,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ афзалият ба маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ – маориф, нигаҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дода, дар ин марҳила 19110 ҳазор сомонӣ масраф гардид, ки баробари 88,2 фоизи хароҷоти амалии буҷети маҳаллӣ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 825,4 ҳазор сомонӣ ё 86,4 фоизи нақша, мудофиа 285,5 ҳазор сомонӣ ё 87,1 фоизи нақша, маориф 13318,8 ҳазор сомонӣ ё 96,3 фоизи нақша, тандурустӣ 5006,5 ҳазор сомонӣ ё 91,2 фоизи нақша, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 65,6 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизи нақша, хоҷагии манзилию коммуналӣ 628,3 ҳазор сомонӣ ё 86,7 фоизи нақша, фарҳанг ва варзиш 719,0 ҳазор сомонӣ ё 89,5 фоизи нақша, кишоварзӣ 813,8 ҳазор сомонӣ ё 89,2 фоизи нақшаро ташкил дод.
Дар давоми семоҳаи якуми соли равон аз буҷети вилоятӣ ба буҷети маҳаллии ноҳия субвенсия ба маблағи 2642,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки 100,0 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Ҳамзамон аз буҷети вилоятӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ 650,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар таркиби хароҷотҳои умумии буҷет ҳиссаи хароҷотҳо барои пардохти музди меҳнат 15375,1 ҳазор сомонӣ ё 71,0 фоиз, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 3842,4 ҳазор сомонӣ ё 17,7 фоиз, пардохти ҷубронпулиҳо 71,7 ҳазор сомонӣ ё 0,3 фоиз, хизматрасониҳои коммуналӣ 122,1 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоиз (барқ 85,5 ҳазор сомонӣ, обрасонӣ 36,6 ҳазор сомонӣ), дар маҷмўъ барои хароҷоти моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет ба маблағи 19411,3 ҳазор сомонӣ ё 89,6 фоизи хароҷоти умумии буҷетро ташкил дод.
Дар семоҳаи якуми соли 2023 нақшаи воридоти буҷети ноҳия аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ҳамагӣ ба андозаи 70,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1163,9 ҳазор сомонии нақшавӣ амалан ба суратҳисоби ягонаи хазинадории маблағҳои махсус 822,9 хазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 341,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Хароҷоти маблағҳои махсус дар ин давра 711,3 ҳазор сомониро ташкил дода, ба 61,1 фоизи нақша баробар гардид, ки нисбат ба нақшаи хароҷот 452,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар ин давра дар асоси қарорҳои раиси ноҳия аз фонди захиравии раиси ноҳия 153,8 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки 100,0 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар гирифта, ба соҳаҳои мақомоти идоракунӣ 42,4 ҳазор сомонӣ, мудофиа 45,8 ҳазор сомонӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 65,6 ҳазор сомонӣ харҷ гардид.
Қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия дар асоси маълумотҳои фаврӣ аз ҳисоби хизматрасонии коммуналӣ 1796,4 ҳазор сомонӣ, азнавтайёркунии кадрҳо 70,4 ҳазор сомонӣ, дар умум маблағи 2017,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раёсати молия дар ноҳияи Мастчоҳ мунтазам ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазорати молия ва Сарраёсати молия дар вилояти Суғд ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳасанов Т. Ш,
сардори Раёсати молия
дар ноҳияи Мастчоҳ