Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Машварати кории назди раиси ноҳия

11.04.2023 14:06

 
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ машварати кории раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор гардид.
Дар машварати корӣ, ки бо иштироки муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои зерсохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо ва раисони маҳаллаҳо сурат гирифт, вазъи рафти даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тудгаро, вусъати кишти баҳорӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, ободии маҳал, тезонидани корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2023дар ноҳия”, иҷрои дурнамои кишти зироатҳои барвақтӣ ва нақшаи татбиқи Стратегияи муқовимат бо эктсремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 шахсони масъул ҳисобот доданд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода оид ба ташкили гуруҳҳои корӣ вобаста ба даъвати баҳорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, иҷрои саривақтии дурнамои кишти зироатҳо, аз ҷумла кишти пунбадона, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, иҷрои дурнамо ва уҳдадориҳои нақшаҳои истеҳсолии корхонаҳоли саноатӣ, тезонидани корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои тақвият бахшидан ба корҳои ободонии маҳал, таъмири роҳҳои дохилӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон, инчунин ҳалли мушкилоти оби нӯшокӣ дар шаҳраки Бӯстон бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда корбариро ҷоннок намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ


Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter