БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БО ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИН ГАРДИД

11.04.2023 14:09

 

Бо мақсади рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, инчунин афзоиши самаранокии пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар доираи кумакҳои Барномаи рушди СММ бо дастгирии Федератсияи Русия Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ таъмин карда шуд.

Таҷҳизотҳоро имрӯз 11 апрел намояндаи Барномаи рушди СММ дар шаҳри Хуҷанд Ҷамила Мирсаидова ва мудири шуъбаи сармоягузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба беморхона дастрас намуданд.

Гуфта мешавад, баробари насби технологияҳои иттилоотӣ дар беморхона табибон метавонанд минбаъд онлайн-машваратҳо ва табодули ҳамкориҳо бо дигар беморхонаҳои кишварро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ ин нахустин технологияи муосири иттилоотӣ мебошад, ки барои беҳбудӣ бахшидани фазои ҳамкорӣ ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами табибони беморхонаҳои кишвар ва баргузории онлайн-машваратҳо бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар доираи кумакҳои башардӯстонаи шарикони рушд харидорӣ гардидааст.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter