Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи кафшдӯзии ҶДММ “Ҳаётулло” бунёд мешавад. Дар маҳаллаи Боғи Ҷамоати деҳоти Палдорак як мактаби дуошёна барои 100 нафар хонанда дар як баст ба тариқи ҳашар бунёд мешавад. Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли равон корхонаи азими истеҳсоли хишти пухта бо иқтисоли 20 млн. дона дар як сол ба кор медарояд

Аз Сурия ба Тоҷикистон занон, наврасон ва тифлони хурдсол баргардонида шуданд

22.05.2023 09:03

 

Бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми занон, наврасон ва тифлони хурдсол тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода аз фурудгоҳи Қамишли хабар дод.

Бояд тазаккур дод, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

https://khovar.tj/2023/05/imr-z-az-suriya-ba-to-ikiston-zanon-navrason-va-tifloni-hurdsol-bargardonida-meshavand/



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter