Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи пойафзолдӯзӣ бунёд мешавад

07.06.2023 17:07

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи кафшдӯзии ҶДММ “Ҳаётулло” бунёд мешавад.

Ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Иноятулло Иноятов сохта шуда, бо дастгоҳҳои муосири сохти Чин муҷаҳҳаз мегардад.

Бино бо тариқи ҳашар бунёд ёфта, он аз ду ошёна ва як таҳхона иборат аст. Тибқи нақша бинои коргоҳ то охири моҳи июни соли ҷорӣ бояд пурра сохта ба истифода дода шавад.

Соҳибкор ба нақша гирифтааст, ки баробари ба фаъолият оғоз кардан ба корхона то 20 нафар занону духтаронро ба кор ҷалб намояд. Иқтидори истеҳсоли корхона дар як моҳ беш аз 10 ҳазор ҷуфт кафшро ташкил медиҳад, ки асосан барои мактаббачагон пешбинӣ шудаанд.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ дар баробари таъмини фармоиш, ҳамчунин ба дигар бозорҳои кишвар низ интиқол дода хоҳанд шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 29 майи соли ҷорӣ зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи пойафзолдӯзӣ шинос шуда, барои тақвияти корҳои сохтмонӣ, ба кор ҷалб намудани ҷавонони бешуғл ва зиёд намудани ҷойи корӣ дастуру супоришҳо дод.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter