Роҳи кӯчаи "8 март" мумфарш шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Чанде пеш бо ин мақсад кӯчаи 8 марти шаҳраки Бӯстон ба масофаи 1000 метри мураббаъ мумфарш карда шуд. Ин иқдом бо ташаббус ва маблағгузории хоҷагии манзилию коммунналии ноҳия ва саҳми сокинони маҳал амалӣ гардид. Дар доираи ин ободкориҳо ҳамчунин даромадгоҳи бинои Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ба масоҳати 55 метри мураббаъ низ мумфарш карда шуд.
Таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва роҳи мошингарди Бӯстон - Азизобод чандест идома дорад. Дар ин масир ва роҳҳои ҳудуди шаҳрак тоба имрӯз беш аз 70 тонна асфалт истифода шудааст. Корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии роҳҳо бо маром идома доранд.