Баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат”

07.06.2023 17:37

 

Шоми рӯзи 6 июни соли равон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва эълон гардидани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар назди Боғи фарҳангию фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявии “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона раиси ноҳия Аъзам Ализода ва муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуалим Гулов ширкат варзида, сокинони ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфтанд.

Раиси ноҳия зимни иштирок дар ҳамоиш бо таваҷҷуҳ ба қабули қатънома аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иброз дошт, ки “ин навиди фараҳбахш ва иқдоми шоиста, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли оқилонаи масоили мубрами сайёра равона гардидааст, ганҷи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.”

Зикр карда шуд, ки талошу кӯшишҳои ягона барои ҳифзу наҷоти пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими таъмини оби нӯшокӣ аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст. Дар ин раванд мо – тоҷикистониён ҳамеша ифтихор ва шукрона мекунем, ки Пешвои миллат пешоҳанги ибтикороти созанда дар ҳалли мушкилтарин муаммои экологии сайёраи замин ҳастанд.

Абдуалим Гулов, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар робита ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологӣ зикр намуд, ки таъмини амнияти экологии ҷомеа аз муҳимтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳаёти бехатар ва солимии инсон ва олами мавҷудоти зинда ба он сахт марбут аст .

Пас аз суханрониҳо Абдуалим Гулов, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Сипосномаи ва ҷоизаи махсуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раиси ноҳияи Мастчоҳ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд. 

Дар идома ҳамчунин ба як гуруҳ фаъолони ноҳия барои ҳамкории судманд ва саҳми шоиста гузоштан дар ташаккули маърифати экологии шаҳрвандон бо Сипосномаву туҳфаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибони озмуни ноҳиявии “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир барномаи рангини консертии кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шаҳомати хоса бахшид.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter