Мумфаршкунии роҳи Бӯстон – Азизобод

29.06.2023 13:50

 

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва ба истиқболи ҷашнҳои милливу давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ вусъат меёбад.

19 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди деҳоти Оббурдон ва Мастчоҳ оғоз ёфт.

Зимни суҳбат бо сокинони ноҳия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Мастчоҳ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардида, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин саҳмгузории соҳибкорон даҳҳо иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат намуд.

Роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосӣ ба шумор рафта, маркази ноҳияро бо се ҷамоат мепайвандад. Корҳои мумфаршкуниро мутахассисони ҶДММ "Ваҳдат 2018" ба ӯҳда дошта, техникаҳои зарурӣ ҷалб гардидааст.

Раиси вилоят ба масъулин барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилдояти Суғд




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter