Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ –БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ХАЛҚУ ВАТАН

29.06.2023 13:54

 

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ,

 Аъзам Ализода бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ


Ҳамдиёрони азиз!

 Бо камоли ифтихору эҳтиром ҳамаи Шумо ва кулли сокинони Тоҷикистони маҳбубамонро ба шарафи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодатмандӣ, умри дароз, файзу баракати зиндагӣ, иқболи баланд ва тамоми шодию нишоти рӯзгорро орзумандам.

Бигзор, Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон  пояндаву абадӣ ва ҳар шаҳрванди ин сарзамини бостонӣ хуррамдилу саодатманд ва хушиқболу сарбаланд бошад. 

Ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ, ки самараи талошу ҷонбозӣ ва фидокорию қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бузургтарин рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Бо шарофати имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа, ки 26 сол муқаддам ҷараён гирифт, кишвари маҳбуби мо ба дастоварду комёбиҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани кишвар аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Сохтмон ва таъмиру таҷдиди ҳазорҳо мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ, қомат афрохтани даҳҳо кохи фарҳангу китобхонаву варзишгоҳ ва умуман, дигаргун гардидани симои шаҳру ноҳияҳо ва шароити зисти сокинони онҳоро имрӯз ҳар фарди огоҳи кишвар чун ойина дар пешорӯи худ мебинад».

      Дар радифи тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон Ваҳдати миллӣ заминагузори пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ ва таъмини рӯзгори пурсаодати сокинони он гардид. Ҳоло сокинони саодатманду сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ дар партави сиёсати ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ аҳлона саъю талош намуда, тамоми ғайрату кӯшиши худро баҳри ободию шукуфоии диёр ва фардои дурахшони Ватани маҳбуби худ равона карда истодаанд. Барои ҳар як сокини ноҳия мафҳумҳои Ваҳдати миллӣ, Ватан ва Истиқлолу Созандагӣ азизу муқаддас буда, кору рӯзгор таҳти сарварии меъмори кохи сулҳу ваҳдат ва бахту саодати халқ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафи бузург ва ифтихори ватандорӣ мебошад.  

          Дар паёми табрикотии имсолаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ омадааст, ки: «Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем». Бояд ин дастуру ҳидояти ваҳдатсози Пешвои миллат сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи тамоми шаҳравандони мамлакат, аз ҷумла сокинони ноҳияи мо бошад. 

          Бо умеди фардои пурнусрат ва саодати абадии мардуми Тоҷикистон бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар зиндагӣ доимо хушбахту саодатманд ва хушиқболу сарбаланд бошед!

          Ҷашни  26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!  





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter