Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Боздид аз парвариши чорвои калони хушзот ҶДММ “Некбахт” дар ноҳияи Мастчоҳ

07.07.2023 17:22

 

07.07.2023

http://www.president.tj/node/31017

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо парвариши чорвои калони хушзот ва гуштии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Некбахт” шинос шуданд.

Ин фермаи чорвопарварӣ аз тарафи соҳибкорон Некрӯз Валиев ва Бахтиёр Валиев бунёд ёфта, аз бинои алоҳидаву ёрирасон иборат мебошад ва дар онҳо бо риояи меъёрҳои соҳаи чорвопарварӣ шароити хуб фароҳам гардидааст. Ферма барои парвариши 100 сар чорво пешбинӣ ва бо ин мақсад чорвои хушзот ворид карда шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли гушт ва маҳсулоти гуштӣ, шир ва гирифтани чорвои хушзот дар шароити маҳал фермаи мазкур таъсис ёфта, чорвои калони зоти “сементалӣ” аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус ворид карда шудааст. То имрӯз аллакай 100 сар чорво ворид гардидааст, ки аз он 25 сарашро модагов ташкил медиҳад.

Чорвои калони зоти сементалӣ, ки барои гӯшт ворид карда шудааст, шашмоҳа буда, ҳар як сар то 300-400 кг вазн дорад ва дар ин ферма чорво то 6-8 моҳ нигоҳубин карда мешавад. Дар ин муддат вазни ҳар сар чорво то ба 800-1000 кг мерасад.

Бино ба андешаи мутахассисон ин зоти чорво барои истеҳсоли гушт мувофиқ буда, аз ҳар сари он то 65 фоиз гушти босифат ва бозоргир гирифта мешавад. Яъне агар вазни зиндаи чорво ба 1000 кг баробар гардад, дар ин сурат метавон то 650 кг гушт истеҳсол ва бо ин восита дар ферма дар як сол 600-650 тонна истеҳсоли гушт ба роҳ монда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба соҳибкор барои таъсиси чунин фермаи чорвопарварӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам рушд бахшидани соҳа дар минтақа ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гуштӣ таъсиси чунин фермаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саривақтӣ буда, қадами устувор дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Мастчоҳ асосан чорвои калони зоти сементалӣ, сиёҳало, гусфандҳои зоти ҳисорӣ, ҷойдорӣ ва маҳаллӣ парвариш карда мешавад.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 190 227 сар чорвори хурд ва 72 422 сар чорвои калон парвариш меёбад.

Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардид, ки ба рушди соҳа, зиёд гаштани саршумори чорво, таъсиси фермаҳои чорвопарварӣ мусоидат намуд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ се фермаи чорвопарварӣ фаъолият дошта, саршумори чорво зиёд ва истеҳсоли маҳсулоти гуштиву ширӣ дар минтақа рӯ ба афзоиш аст.

Давоми панҷ моҳи соли равон дар ноҳия беш аз 9 143 тонна шир ва 1 315 тонна гӯшт истеҳсол гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Чорвопарварӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, сол аз сол шумораи фермаҳои чорводорӣ ҳам дар бахши хусусӣ ва ҳам хоҷагиҳои ҷамъиятӣ зиёд мегардад.

Дар вилояти Суғд ба ҳолати 1 июн 152 адад фермаи чорвопарварии хурду бузург мавҷуд буда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 739 502 сар чорвои калон ва наздик 1 миллиону 800 ҳазор сар чорвои хурд мавҷуд мебошад.

Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти олии мамлакат имкон дод, ки ин самти соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳо рушд карда, имрӯзҳо бозори дохилӣ ба пуррагӣ бо маҳсулоти гуштӣ ва ширии истеҳсоли худӣ таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ ва мулоқоти самимӣ бо чорвопарварон кори хоҷагидоронро мусбат арзёби дошта, ҷиҳати боз ҳам рушд бахшидани ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҳарчи бештари фермаҳои чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, парвариш ва нигоҳубини чорвои хушзот, афзоиши саршумори чорвою парранда ва таъмини аҳолӣ бо гушту шири чорво, тухми парранда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муассисон ва соҳибкорон дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар корҳои ободонӣ низ ҳиссаи худро гузоштанд. Дар ин замина зиёда аз 1,5 километр роҳҳои асосӣ ва ҳудуди ҶДММ “Некбахт” мумфарш карда шуд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter