Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Маҷлиси фаъолони ноҳияи Мастчоҳ доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли 2023

11.07.2023 18:33

 

11 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳия Аъзам Ализода, муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Холзода, сардори Раёсати Агентии маҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои гуногун иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли 2023 ҳисобот дода, афзуд, ки дар ин давра сокинони шарафманди ноҳия ба дастовардҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардидаанд.

Вобаста ба иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия зикр карда шуд, ки нақшаи андозҳо дар нимсолаи соли 2023 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103,2 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи  78 млн. 420  ҳазор сомонӣ, 80 млн. 935 ҳазору 396 сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 2 млн. 515 ҳазору 396  сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 дар маҷмӯъ 103 фоиз иҷро гашта, ба ҷойи  65 млн. 748  ҳазор сомонӣ, амалан  67  млн. 671, 358 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 1 млн. 923 ҳазору 358 сомонӣ зиёд мебошад. 

Дар робита ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ зикр карда шуд, ки айни замон дар миқёси ноҳия 4 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда  1  млн. 336 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. 

         Муассисаҳои бонкии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 барои пешрафти хоҷагии халқ ба соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо қарзҳои бонкӣ ба маблағи  76   млн.  662  ҳазор сомонӣ пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 млн. 299 ҳазор сомонӣ зиёд буда,  121   фоизро ташкил медиҳад. 

         Интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар  бошад 153  млн. 636  ҳазор  сомониро ташкил додааст.

Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – рушди босуръати саноатикунонӣ таъкид гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2023 ба маблағи   208   млн.  603   ҳазору  800    сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба  хамин давраи соли гузашта 141 млн.  439  ҳазору 700 сомонӣ зиёд буда, 310,6  фоизро дарбар мегирад. 

Муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода дар идома доир ба рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот дода, афзуд ки нишондиҳандаҳо дар ин самт дар шаш моҳи соли равон низ назаррас мебошанд.

Сипас раиси ноҳия Аъзам Ализода доир ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба самти риояи қонунҳо, пешгирии вазъи содиршавии ҷиноятҳо, аз қабили худкушӣ, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва заминагузорӣ барои даъвати ҷавонписарон ба даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пурсиш намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, сардори Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Кумитаи идораи замин ва дигар шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки доир ба кишти такрории заминҳо, пардохти ҳаққи истифодабарии об, зиёд намудани майдонҳои кишт, истифодаи оқилонаву самараноки замин, хусусан заминҳои наздиҳавлии шаҳрвандон ва гирифтани ду-се ҳосил, фаъолияти гармхонаҳо ва сифатан иҷро намудани кишти такрорӣ тадбирҳои муҳим ва таъхирнопазир андешанд.

Вобаста ба таъмини босифати иҷрои нақшаҳо дар семоҳаи сеюми соли 2023, ба беэътиноӣ роҳ надодан ба пардохти ҳаққи истифодаи оби полезӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони масъул, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тозагии муҳити зист масъулин вазифадор гардиданд, ки дар муҳлатҳои муайяншуда камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.

Таъкид карда шуд, ки барои роҳ надодан ба кашолкориҳо ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишуда роҳбарон дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Сипас дар поёни маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якуми сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Холзода ва сардори Раёсати Агентии маҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ доир ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд баён доштанд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки барои сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-солагии рушди босуръати саноатикунонии кишвар ва истифодаи оқилонаю самараноки ҳар ваҷаб замин содиқона хизмат намоем.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар поёни маҷлис вобаста ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии ҷинояткориҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, хусусан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Мастчоҳ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарҳои корӣ ва мулоқотҳояшон бо фаъолони мамлакат баён мегарданд, сармашқи корӣ худ намуда, барои иҷроиши саривақтии онҳо кўшиш менамоянд.

Дафтари матбуоти

раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter