Озмуни “Дастархонороӣ”

14.07.2023 15:42

 

Бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ, фарҳанги рӯзгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо рӯзи 14 июл дар қасри фарҳанги ноҳия озмуни дастархонороӣ баргузор гардид.

Озмун бо иштироки намояндагони 7 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва муассисаҳои соҳаи маориф доир шуд.

Дар озмун  аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ якчанд намуди таомҳои миллӣ,  аз қабили қурутоб, ширбиринҷ, оши палав, оши бадӯғ, умоч, нони баҳалво, фатиру тунукча, ҳалво ва дигар анвои хӯрокаро пешкаш намуданд.

Ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода аз дастархонҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён дидан намуда, ба ҳар як дастархон вобаста ба интихоби он ва мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, сарфакорона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани он, истифодаи зарфҳои миллӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо дар дастархон, мавҷудияти хӯришҳо ва нӯшокиҳои миллӣ дар дастархон, омода намудани дастархон пеш аз пешниҳоди таом, инчунин дигар хизматрасониҳо ба ҳар як дастархони оросташуда баҳогузорӣ карданд.

Бо назардошти фикру мулоҳиза ва хулосаи аъзои  комиссия ғолибони озмуни «Дастархонороӣ» чунин муайян гардиданд: Намояндагони ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ғолиби ҷои аввал, намояндагони ҷамоати деҳоти Оббурдон ҷои дуюм ва намояндагони ҷамоати шаҳраки Суғдиён ғолиби ҷои сеюм дониста шуданд.

Ғолибон бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонӣ гардиданд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter