Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

«Андалеб - 2023». Аҳли ҳунари Мастчоҳ дар даври ноҳиявӣ 116 хол ба даст оварданд

14.07.2023 15:44

 

14 июли соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб - 2023” бо иштироки намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, муовинони раиси ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони бахши фарҳанг баргузор гардид. 

Фестивал-озмуни мазкур аз рӯи 12 шарт – намоиши ҳунарҳои мардумӣ - «Бозори ҳунар», суруди ҳамсароёни бисёровоза (хор), намоиши либосҳои миллӣ бо иловаи навгониҳо, навозиши умумӣ, рақс, суруд ва навозиши якка, бадеҳа ё лапар, саҳначаи ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, суруди анъанавӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографӣ  доир гардид. 

Дар оғози баргузории озмун дар даромадгоҳи қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Бозори ҳунар” бо ҳунарҳои гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, маҳсулоти нонӣ, риштакашӣ, сабадбофӣ ва ғайраҳо баргузор шуд, ки ҳайати ҳакамон аз он дидан намуданд.

Ҳаваскорон дар пешниҳоди 12 номинатсия ширкат варзида, дар наминатсияҳои суруди ҳамсароён, суруди якка, рақси якка, навозиши якка, суруди анъанавӣ, суитаи овозию рақсӣ бо маҳорати хуби эҷодӣ баромад намуданд. Ҳайати ҳакамон барои иштироки ҳунармандони ноҳия 116 холро муносиб донистанд.

Дар охир аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштиродорони фестивал-озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Гуфта мешавад мақсад аз баргузории фестивал — озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳунарҳои мардумӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави санъат буда, аҳли фарҳанги кишвар тавассути он комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар як минтақаи Тоҷикистонро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter