Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд

03.10.2023 13:30

 

2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом дода шуд.

Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муҳиммияти ҳалли масъалаҳои вобаста ба минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро иброз намуда, ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатӣ дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ  идома медиҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ муҳиммияти тақвият бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории дуҷониба зарур шуморида шуд.

Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии ду ҷониб протокол ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter