Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Дар Бӯстон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд

16.10.2023 17:46

 

16 октябри соли 2023 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter