Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Тоҷикистон аз лиҳози бовар ба пулис дар ҷаҳон ҷойи аввалро гирифт

08.11.2023 09:00

 

Маркази назарсанҷии "Геллап" (Gallup) Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд". 

Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки бар асари бераҳмӣ ва бадрафтории полис дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тан шиканҷа дидаанд.

Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи боварӣ ба пулис ва эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.

Дар ин раддабандӣ ё рейтинг Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, аз ҳазор сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд ва аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи "Геллап", аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.

Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.

Тақрибан аз 10 нафар 7 нафар ё 71 % дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, дар соли 2022 ҳангоми шабона дар маҳалли зисти худ танҳо сайругашт кардан худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.

Бори аввал дар чунин як пурсише Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол дар ҷои якум ва Либерия бо 49 хол дар зинаи охирин қарор гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта ин ду зинаро мутаносибан Сингапур ва Афғонистон ишғол мекарданд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter