Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

01.12.2023 17:53

 

1 декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарон кори ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мусбат арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.  



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter