Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид

18.03.2024 12:40

 

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

 Дар натиҷаи гуфтушунид пешравии назаррас ба даст омада, ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идома додани кор дар самти минбаъд муайян намудани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар минтақаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ баргузор гардид.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter