Маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мастчоҳ дар 6 моҳи соли 2024

19.07.2024 08:07

 

Рӯзи 9-уми июли
соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ
маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи
аввали соли 2024 баргузор гардид.

         Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини якуми
сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин
Холзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, муовинони раиси ноҳия,
роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти
ҳифзи ҳуқуқ, сардорони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва
дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

         Раиси ноҳия Аъзам Ализода маҷлиси
фаъолонро оғоз бахшида, сипас муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода доир ба
натиҷаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ да 6 моҳи соли 2024 ҳисобот дод.

           Зикр карда шуд, ки сокинони
баландиқболу саодатманди ноҳияи Мастчоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи
самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид ва суханрониҳои
Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини
мамлакат дар таърихи 9 марти соли 2024, мулоқот бо намояндагони илму маориф,
санаи 30 майи соли равон, сафарҳои пурсамару файзбахши Президенти мамлакат ба
вилояти Суғд рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо фаъолияти софдилона  ба як қатор пешравиҳо ноил шуданд.

        Гуфта шуд, ки дар ин давра бо
назардошти тағйирот  нақшаи  қисми даромади  буҷети 
умумии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 92,7 фоиз иҷро гардида, ба
буҷет  66808,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид
карда шуд, ки аз нақша 5272,2 ҳазор сомонӣ 
кам ва нисбат ба ҳамин давраи 
соли 2023 1300 ҳазор сомонӣ ё 2,1 фоиз кам мебошад. Сабабу омилҳои
асосии иҷро нашудани нақшаи қисми даромади умумии буҷети ноҳия ба КМ «Ширкати
кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» марбут буда, корхонаи мазкур нақшаи воридоти
андозҳои ба зиммагузоштаашро 86, 3 фоиз иҷро намудааст.

         Корхонаи мазкур дар нимсолаи  якуми соли 2024 тибқи нақша ба маблағи
41160,1  ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда
буд, ки аз ин маблағ 33800,7 ҳазор, яъне 86,3 фоизи нақшаи базиммагузоштаашро иҷро
намуд. Аз ин ҳисоб маблағи андозҳо аз ҷониби корхона нисбат ба нақша 7359, 3
ҳазор сомонӣ кам ворид гардид. 

          Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар
марҳилаи ҳисоботӣ ба буҷети суғуртаи 
иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағӣ умумии 18698,9 ҳазор сомонӣ ё баробари 80,5
фоизи нақшаи андози иҷтимоӣ ворид карда шуд, ки аз он андози  иҷтимоии буҷетӣ 7401,7 ҳазор сомонӣ, ё худ
77,8 фоиз  ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ
11297,3 ҳазор сомонӣ, ё  82,4 фоизро
ташкил медиҳад. Ҷамъоварии андози 
иҷтимоӣ дар соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар умум 6,8 фоиз
кам гардида, аз ҳисоби  ташкилоту
муассисаҳои  буҷетӣ 3 фоиз зиёд ва
корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 12,3 фоиз кам гардидааст.

         Дар самти сармоягузории хориҷӣ ва
рушди бахши хусусӣ иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ноҳия 3 - лоиҳаи давлатии
сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Дар ин самт, лоиҳаи «Сохтмон ва
муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4» ба маблағи 558,34 ҳазор доллари ИМА,
лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми
интиқоли барқ» ба маблағи 292,73 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи фавқулодда бар
зидди бемории COVID-2019, 176,5 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд.
Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар аз худшуда 1 млн. 27,5
ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

       Субъектҳои соҳибкорӣ дар муқоиса ба
ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳия 185 адад зиёд шудааст.

           Вобаста ба рушди саноат дар ноҳия зикр
гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024  ба маблағи 
153  млн. 938    ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд,
ки дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли
гузашта 978  ҳазору 400 сомонӣ зиёд  буда, 100,6 фоизро дарбар мегирад.

          Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми
соли 2024 дар шакли асл 633,6  тонна нон
ва маҳсулоти нонӣ, 98  тонна орд,  234,1 тонна маҳсулоти ширӣ,  47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9   тонна ресмони пахтагин,  37550 тонна семент, 3535,3  м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ,  2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин
самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд.

        Давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар
ноҳия гардиши савдои чакана  217 млн.
741  сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба
хамин давраи соли гузашта  35  млн. зиёд мебошад, ки  119,5 фоизро дар бар мегирад.

        Муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода ҳамзамон
доир ба соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва
варзиш, баррасии муроҷатҳои шаҳрвандон, инчунин вазъи ҷинояткорӣ дар ноҳия
маълумот дод.

        Раиси ноҳия зимни таҳлили вазъи соҳаҳои
кишоварзӣ, маориф ва саноат дастур дод, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот,
таъмини амнияти озуқуворӣ ва бундёи корхонаи хурди истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ
амалӣ карда шаванд.

         Сипас, дар ҷараёни ҷаласа сардори
Раёсати кишоварзӣ, нозироати андоз ва мудири маорифи ноҳия ҳисобот доданд.

         Раиси ноҳия зимни таҳлили амиқи соҳаи
кишоварзӣ, кишти такрори зироатҳо, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои
корам, таъминоти оби полезӣ, фаъолияти корхонаҳои парандапарварӣ, ҷамъоварии
андозҳо, фаъолияти ғайриқаноатбахши корхонаҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагии
ноҳия, ба таъмир фаро гирифтани муассисаҳои таълимӣ масъулини соҳаҳоро
вазифадор намуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои муҳим
андешиданд.

        Дар ҷараёни маҷлис раиси ноҳия
Аъзам Ализода ҳамзамон доир ба камбудиҳои як қатор соҳаҳо изҳори назар карда,
барои ислоҳи онҳо масъулинро вазифадор намуд.

































          Дар поёни маҷлис муовини якуми
сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин
Холзода ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода суханронӣ
намуда, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор
андохтани корхонаҳои бозистода, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок
истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, тозагии
муҳити зист, таъмири роҳҳои дохилӣ таклифу пешниҳодҳо намуданд.



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter