Дар шаҳраки Бӯстон маркази дандонпизишки ба фаъолият оғоз кард

19.07.2024 08:20

 

Рӯзи 12 июл дар доираи нақшачорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон Маркази стоматологии хусусии “Зеби инсон” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 Маркази стоматологии хусусӣ аз ҷониби дандонпизишк Искандар Зикриёев бо харҷи беш аз 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардидааст.

  Бинои нав бо тарҳи муосир сохта шуда, барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.

  Маркази стоматологӣ дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи дандонсозӣ, муолиҷавӣ, ҷарроҳӣ, аксбардории дандон ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

  Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ ва бо сифат сохтани дандон 8 таҷҳизоти нав харидорӣ гардидааст.

  Дар Маркази стоматологӣ 10 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, дандонпизишкони пуртаҷрибаю соҳибкасб ба кор ҷалб шудаанд.

  Дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия Аъзам Ализода иштирок намуда, бунёди маркази наву замонавиро саривақтӣ барои пешгирии бемориҳои дандон ва шароити созгори фаъолият барои табибон арзёбӣ кард.

  Гуфта шуд, ки ҳамакунун табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter