ВОХӮРИИ АЪЗОИ ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БО АҲОЛИ ДЕҲОТИ МАСТЧОҲ

19.07.2024 08:23

 

Рӯзи 17 июл бо мақсади фаҳмонидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пешгирии ҷинояткорӣ, вусъати корҳои ободонӣ дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода, сардори ШВКД дар ноҳия Қосимзода Муҳаммадӣ, судяи Суди ноҳия Муҳсин Убайдзода, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Давлатзода Давлат ва комиссари ҳарбии ноҳия Исмоил Орифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷаласаро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки моҳи июни соли равон ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Вобаста ба ин зарур шуморида шуд, ки ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо, огоҳонидани аҳолӣ, рияои талаботи қонунҳо ва дигар масъалаи мубрам бо аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохӯрию мулоқотҳо баргузор гардад.

Сипас, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода доир ба назорати якхелаи қонунҳо, баррасии арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон, инчунин дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо сухан ронд.

Зимни суханронӣ прокурори ноҳия аз кишт берун мондани заминҳои корам, ғайримақсаднок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти замин, бақияи қарзи андозҳо, пардохти саривақтии ҳаққи истифода нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои муҳимро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.

Прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода аз фаъолони ҷамоат даъват намуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт пурзӯр намоянд.

   Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби аъзои Шӯро вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ,  пешгирии тамоюли бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории ноболиғон, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” дар таҳрири нав, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин омодагии пеш аз даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардид.

    Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар фарҷоми мулоқот масъулини ҷамоатро вазифадор намуд, ки оид ба пардохти ҳаққи истифода оби полезӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъоварии саривақтии андозҳои маҳаллӣ, вусъати корҳои ободони дар деҳоти ҷамоат, ҳифзи муҳити зист тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати риояи ҳуқуқу тартибот, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷиноятсодиркуниву хурофотпарастӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз, тарбия намудани кӯдакон дар руҳияи худшиносию ватанпарастӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ободии маҳаллаҳо чораҳои муҳим роҳандозӣ карда шаванд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter