МАСТЧОҲ: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 365 млн. сомонӣ баробар шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 365 млн. 967,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 63 млн. 276,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 120,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ додаанд.
Гуфта мешавад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби полезӣ, ғалла, гӯшти паранда, чорводорӣ, шир, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ кишоварзони ноҳия дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 10500,9 тонна ғалладонагӣ, 3050,2 тонна картошка, 5672,7 тонна сабзавот, 11732 тонна полезӣ, 1306,2 тонна мева маҳсулот ба даст овардаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 160 фоиз таъмин гардидааст.
Оморҳои соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳанд, ки дар давраи ҳисоботӣ саршумори чорвои калони шохдор ба 79024 сар, аз он ҷумла модагов 39142 сар, гӯсфанду буз 212883 сар, 446765 парранда сар, асп 673 сар, оилаи занбури асал 1015 адад расонида шуда, зиёдшавии он аз 101 то ба 112 фоиз рост меояд.
Бино ба маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳия дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1685,4 тонна, шир 11976,5 тонна, тухм 26 млн. 535 ҳазор дона, асал 21,3 тонна расонида шуда, дар ҳаҷми 107,2 тонна пашм ва пилла дар ҳаҷми 1 тонна истеҳсол карда шудааст.
Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ барои ҳосили соли 2024 дар майдони 26588 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд, ки аз он дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дар майдони 2792,8 гектарашро ғалладонагиҳо, 12099 гектар пахта, 1831,8 гектар зироатҳои равғандор, 67,7 гектар картошка, 212,8 гектар сабзавот, 2402,5 гектар полезӣ ва 4182,1 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад.