ҲАДАФ РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН

19.07.2024 16:08

 

Дар деҳоти Оббурдон доир ба пешгирии қонуншиканиҳо суҳбату вохӯрӣ доир шуд

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҳуқуқвайрониҳо дар самти таълиму тарбия, танзими анъана ва ҷашну маросим, хурофотпарастӣ, тамоюли гаравиши ҷавонон ба бегонапарастӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин таҳлили вазъи ҷинояткорӣ, омилҳои мусоидаткунанда ба он, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва вусъати корҳои тозагиву ободонӣ дар маҳаллаҳо бо аҳолии деҳоти Оббурдон вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо иштироки аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии таълиму тарбияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия – Абдуллоҷон Абдуллозода - прокурори ноҳия, Алишо Қурбониён - раиси Суди ноҳия, Муҳаммадӣ Қосимзода - сардори ШВКД дар ноҳия ва намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия доир гардида, дар он масъулин оид ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав, муҷозот барои вайрон кардани талаботи қонун ва баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суҳбат карданд.

Муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода ҷаласаи вохӯриро оғоз бахшида гуфт, ки дар робита ба ин корҳои санҷишӣ ва профилактикӣ оид ба пешгирии қонуншиканиҳо вобаста ба риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон чорабиниҳо дар доираи ҳамкориҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ силсилавохӯриҳо роҳандозӣ гардидааст.

Дар ҷаласаи вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, шахсони ҷинояткори дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордошта, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, хушунати оилавӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиною ватандӯстӣ фикру мулоҳизаҳо баён гардид.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter