МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ. Татбиқи амалии қонуни забон дар самти коргузорӣ

19.07.2024 18:16

 

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва котиби Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Карими Шариф машварати дастурдиҳӣ оид ба татбиқи амалии талаботи қонуни забон баргузор гардид.

Дар машварат ҳамчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла САҲШ, идораи замин, маориф, котибони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок доштанд.

Машраватро муовини раиси ноҳия Дилшод Зокирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории машварат риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ зимни қабули қарорҳо, пешниҳоди гузоришҳо, ҳисоботҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ дар идораҳои давлатӣ мебошад.

Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ масъалаҳои татбиқи забон дар фаъолияти муассисаву ташкилотҳо, номгузории марказҳои хизматрасонӣ ва овезаҳо бо забони давлатиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Тоҷибой Султонӣ зимни суханронӣ ба матни баъзе овезаҳо дар пештоқи мағозаву дӯконҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори нигаронӣ кард, ки шаҳрвандон ҳангоми номгузории марказҳои хизматрасонӣ ба ғалатҳо роҳ дода, талабони қонуни забонро вайрон мекунанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд дар аксари ташкилоту муассисаҳо камбудиҳои ҷиддӣ дар масъалаи истифодаи нодурусти қоидаҳои имло ҷой доранд. Тазаккур дода шуд, ки баҳри пешгирӣ ва тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ зарур аст, талаботи қонун ва қоидаҳои имлои забон риоя карда шаванд.

Карим Шариф, котиби Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд доир ба татбиқи Қонуни забон ва имлои забони тоҷикӣ суханронӣ карда, зикр кард, ки ҳолатҳои ба пуррагӣ риоя нагардидани қоидаҳои имло дар самти коргузорӣ дар муассисаву корхонаҳо ба назар мерасанд.

Таъкид шуд, ки ба хотири пешгирӣ аз хатоиҳои имлоӣ ва забонӣ, омӯзиши қоидаҳои имло дар ҳамаи сохторҳо ба таври дуруст ба роҳ монда шавад, зеро ин василаи асосии таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ мебошад.

Дар идома доир ба тарзи навишти дурусти баъзе калимаҳои забони тоҷикӣ миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter