НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

24.07.2024 17:15

 

Имрӯз, 24 июл дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки беш аз 20 нафар намояндагони васоити ахбори умум нишасти матбуотии раиси ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид.

Сараввал раиси ноҳия Аъзам Ализода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо назардошти тағйирот  нақшаи  қисми даромади  буҷети  умумии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 92,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет  66808,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки аз нақша 5272,2 ҳазор сомонӣ  кам ва нисбат ба ҳамин давраи  соли 2023 1300 ҳазор сомонӣ ё 2,1 фоиз кам мебошад. Сабабу омилҳои асосии иҷро нашудани нақшаи қисми даромади умумии буҷети ноҳия ба КМ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой» марбут буда, корхонаи мазкур нақшаи воридоти андозҳои ба зиммагузоштаашро 86, 3 фоиз иҷро намудааст. 

         Корхонаи мазкур дар нимсолаи  якуми соли 2024 тибқи нақша ба маблағи 41160,1  ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда буд, ки аз ин маблағ 33800,7 ҳазор, яъне 86,3 фоизи нақшаи базиммагузоштаашро иҷро намуд. Аз ин ҳисоб маблағи андозҳо аз ҷониби корхона нисбат ба нақша 7359, 3 ҳазор сомонӣ кам ворид гардид.  

          Ҳамзамон зикр гардид, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ ба буҷети суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақа ба маблағӣ умумии 18698,9 ҳазор сомонӣ ё баробари 80,5 фоизи нақшаи андози иҷтимоӣ ворид карда шуд, ки аз он андози  иҷтимоии буҷетӣ 7401,7 ҳазор сомонӣ, ё худ 77,8 фоиз  ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 11297,3 ҳазор сомонӣ, ё  82,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии андози  иҷтимоӣ дар соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар умум 6,8 фоиз кам гардида, аз ҳисоби  ташкилоту муассисаҳои  буҷетӣ 3 фоиз зиёд ва корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 12,3 фоиз кам гардидааст.

           Вобаста ба рушди саноат дар ноҳия зикр гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024  ба маблағи  153  млн. 938    ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли гузашта 978  ҳазору 400 сомонӣ зиёд  буда, 100,6 фоизро дарбар мегирад. 

          Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар шакли асл 633,6  тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 98  тонна орд,  234,1 тонна маҳсулоти ширӣ,  47,1 тонна равғани растанӣ, 1301,9   тонна ресмони пахтагин,  37550 тонна семент, 3535,3  м3 маҳсулот аз пластикаи физилӣ,  2113,2 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 122 фоизи ҳамин давраи соли гузашта рост меояд. 

        Давоми нимсолаи якуми соли 2024 дар ноҳия гардиши савдои чакана  217 млн. 741  сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта  35  млн. зиёд мебошад, ки  119,5 фоизро дар бар мегирад.

Субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 185 адад зиёд шудааст.

Аъзам Ализода ҳамзамон гуфт, ки ноҳия дар доираи нақшачорабиниҳои ҳукумат ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат” бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли макарон, кафшдӯзӣ, забҳхона барои паранда ба нақша гирифта шудааст.

Соли равон бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ бунёди корхонаи истеҳсоли макарони навъи олӣ оғоз меёбад. Корхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, дар як рӯз то 2 тона ва дар як моҳ то 60 тонна макарон истеҳсол менамояд. Таҷҳизоти корхона аз кишвари Италия харидорӣ шуда, дар як навбат банду басти макарон ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар бастаи он аз 200 то 600 граммро ташкил хоҳад дод. 

Маҳсулоти корхона ба бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва дигар ноҳияи вилоят низ содир карда мешавад. 

Вобаста ба соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба маблағи 365 млн. 967,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта  63 млн. 276,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда,  120,9  фоизро ташкил медиҳад. 

Гуфта шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби полезӣ, ғалла, гӯшти паранда, чорводорӣ, шир, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво афзоиш ёфтааст.

Кишоварзони ноҳия дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 10500,9 тонна ғалладонагӣ, 3050,2 тонна картошка, 5672,7 тонна сабзавот, 11732 тонна полезӣ,  1306,2 тонна мева маҳсулот ба даст овардаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 101 то 160 фоиз таъмин гардидааст. 

  Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ барои ҳосили соли 2024 дар майдони 26588 гектар кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд, ки аз он дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ дар майдони 2792,8  гектарашро ғалладонагиҳо, 12099 гектар пахта, 1831,8 гектар зироатҳои равғандор, 67,7 гектар картошка,  212,8 гектар сабзавот, 2402,5  гектар полезӣ ва  4182,1 гектарашро зироати хӯроки чорво ташкил медиҳад. 

Сипас, аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Ҷовиди Аштӣ, рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Нуъмон Раҷабзода, рӯзномаи “Омӯзгор”, Мафтуна Шукурова, ШТР “СМ-1”, Ӯғулой Раҷабова ШТР “7 ситора”, Фарзона Муродӣ, ОИ “Азия плюс””, Раъно Муҳаммадова маҷаллаи “Кайҳон”, Гулҷаҳон Маҳкамова “Бонувони Тоҷикистон”, Шаҳбону Олимова рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вазъи ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳо ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter