Шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии полезиҳо ва кишти такрорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

26.07.2024 16:41

 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ дар хоҷагии деҳқонии «Ҳакимзода-2020» бо рафти ҷамъоварии зироати полезӣ шинос гардид.

Ноҳияи Мастчоҳ аз минтақаҳои рушдкардаи соҳаи кишовразӣ ба шумор меравад. Деҳқонону кишоварзонаш дар самти парвариши полезиҳо соҳибтаҷриба дониста мешаванд. Зеро ин минтақа яке аз таъминкунандагони асоии бозори истеъмолӣ бо тарбузу харбуза ба шумор меравад. Дар хоҷагии деҳқонии "Ҳакимзода-2020" Раиси вилоят бо раванди ҷамъоварии полезиҳо шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки хоҷагӣ дорои 10 гектар замин буда, дар майдони 7 гектар полезиҳо кишт шудааст. Деҳқонон дар суҳбат бо роҳбари вилоят иброз доштанд, ки соли равон бо беҳтар шудани таъминоти оби полезӣ ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Гуфта шуд, ки  ҳоло ҷамъоварии тарбуз идома дорад ва ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакат маҳсули заҳмати хоҷагидорон ба фурӯш бароварда мешавад. 

Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кишту парвариши пахта низ таваҷҷуҳи хоса равона шудааст. Зимни шиносоӣ бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳҷонии "Устоён"-и деҳоти Мастчоҳ Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷалб намуд. 

Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Лангар» таваҷҷуҳ намуд. Дар ин хоҷагӣ заминро самаранок истифода намуда, ба кишти такрорӣ вусъат бахшида шудааст. Дар кишти дуюм кишти зироати кишоварзӣ ба монанди чормағзи заминӣ, лӯбиё, сабзӣ, ҷуворимакка барои дон ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳияи Мастчоҳ соли равон дар майдони беш аз 1800 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишовразии ноҳия то санаи 24 июл дар майдони 1530 гектар кишти такрори гузаронида шуда, ин раванд идома дорад.    

Дар поёни сафар роҳбари вилоят ба дидорбинии собиқадори меҳнат Аскаралӣ Алдинов рафта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид. Номбурда солҳои зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият намуда, имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда зиндагӣ мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter