МАҲАЛЛАИ ФОТЕҲОБОД. Мушкили норасоии оби нӯшокӣ бартараф мешавад

27.07.2024 09:12

 

Дар маҳаллаи Фотеҳоби шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ беш аз 1300 метр хати оби нӯшокӣ кашида шуда, як қисм аҳолии ин маҳалла, ки солҳои тӯлонӣ аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашиданд, бо оби тоза таъмин мегарданд.

Ин иқдом бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Суғд дар доираи барномаи суръат бахшидани фаъолияти маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ амалӣ гардид. 

Бегиммоҳ Амонатова намояндаи ин ташкилоти ҷамъиятӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар суҳбат гуфт, ки ҳадаф аз дастгирии аҳолии маҳалла бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва ниёзҳои аввалиндараҷаи шаҳрвандон мебошад.

“Мо дар доираи як Барнома, ки ба самти беҳбудӣ бахшидани фаъолияти маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ равона гардидааст ва он то соли 2025 амал мекунад, кумак расонида истодаем. Ҳоло дар доираи ин Барнома то имрӯз дар 3 маҳаллаи наздисарҳадии ноҳияи Мастчоҳ – Фотеҳобод, “Сангин Ниёзов” ва Падаск синфхона ва ҳуҷраҳои табобатии беморхона ва бунгоҳҳои тиббиро таъмиру навсозӣ кардаем. Айни замон барои кашидани хати оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои мақсаднок – Фотеҳобод зиёда аз 1300 метр лӯлаҳои обгузари плостикӣ харидорӣ ва бо дастгирии аҳолӣ онҳо пурра насб карда шуданд. Як қисм аҳолии ин маҳалла, ки солҳо аз норасоии оби нӯшокӣ азият мекашиданд, ҳамакнун аз ин мушкилоти норасоии об пурра халос мешаванд”,- иброз дошт Бегиммоҳ Амонатова.

Ба иттилои Амонатова дар доираи ин барнома ҳамчунин ба муассисаи таълимии маҳаллаи Фотеҳобод хати оби нӯшокӣ низ кашида мешавад. 

Фотеҳобод яке аз маҳаллаҳои наздисарҳадӣ бо кишвари Ӯузбекистон буда, дар он беш аз 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Ҳоло дар маҳалла бо дастгирии афроди хайрхоҳу саховатпеша ва як қисми аҳолӣ як чоҳи амудӣ кофта шуда истодааст, ки пас аз ба истифода додани он мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ дар ин маҳалла пурра бартараф мешавад.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter