Мастчоҳ: Истеҳсоли гӯшти паранда зиёду тухм кам шудааст

29.07.2024 16:40

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи шалкҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда афзоиш ёфта, истеҳсоли он ба 352.4 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 82 тонна зиёд буда, мутаносибан ба 130 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин бора аз Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ яке аз омили асосии зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда ин ба фаъолият оғоз кардани 4 фабрикаи нави парандапарварӣ дар давоми як соли охир мебошад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 22 корхонаву фабрикаи парандапарварӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 446 ҳазору 765 сар паранда парвариш меёбанд. Аз 22 корхонаю фабрикаи парандапарварӣ 10 адади он ба истеҳсоли тухм ва 12 адади дигар ба истеҳсоли гӯшти паранда нигаронида шудааст.

Тибқи иттилои масъулини соҳа ҳамчунин дар ин давра дар ноҳия истеҳсоли тухми паранда 26  млн. 535 ҳазор донаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 9 миллион дона кам мебошад. 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter