«ЗЕБИ ДАСТАРХОН». Дар ноҳияи Мастчоҳ таҳти чунин унвон озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид

30.07.2024 17:39

 

Бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, намоиши пухтани хелҳои гуногуни нон дар минтақаҳои ноҳия, тарғибу ташвиқи намудҳои нон, аз ҷумла нони парҳезӣ имрӯз, 30 июл дар ноҳияи Мастчоҳ озмуни ноҳиявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони “Зеби дастархон” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур занони ҳунарманди ноҳия тарзи тайёр кардани намудҳои гуногуни нон, аз ҷумла фатир, қатмол, буррак, нонҳои парҳезӣ, кулчаи хурду калон, нони баҳалво, инчунин хӯроки миллии хоси минтақаҳои ноҳия, ки бо нон омода мешаванд ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.

Ҳакамон ба иштирокчиёни озмун ба маҳорати омодакунии нон ва сифати он, огоҳӣ аз тарзи пухтани намудҳои гуногуни нон ва аз таърихи анъанаи нонпазии миллӣ баҳои баланд доданд.

Ғолибони озмун бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter