Сардори Нозироти андози ноҳияи Мастчоҳ нав шуд
Сардори Нозироти андози ноҳияи Мастчоҳ нав шуд. Тибқи фармоиши раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли равон ба ин вазифа Ҷовид Ҳошимов таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Ҳасанов Асириддинро иваз намуд.
Ҳошимов Ҷовид Ҳайдарбекович 20 октябри соли 1983 дар маҳаллаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 2009 ба ҳайси муҳосиб дар хоҷагии деҳқонии “Ҷовид” оғоз намуда, баъдан дар КВД “Амонатбонк” дар ноҳияи Мастчоҳ ба сифати муҳосиби дараҷаи 2 оид ба назорати минбаъдаи пасандозҳо корро идома додааст. Соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Мастчоҳ ба кор оғоз намуда, дар ин ниҳод аз вазифаи сармутахассис то муовини сардори нозироти андоз шуда кор кардааст.
Солҳои 2021-2023 дар шаҳри Панҷакент ба ҳайси муовини сардори нозироти андоз корро идома додааст.
Аз соли 2023 то таъйин шудан ба вазифаи нав дар Нозироти андози ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси муовини сардор – сардори шуъбаи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андоз кор мекард.