СОМОН МАҲМАДБЕКОВ ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕДАЛ ОВАРД!
31.07.2024 08:07
Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков бар ҷудочии Италия Антонио Эспозито ғалаба карда, ба Тоҷикистон медал овард.
Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.
Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.
Варзишгари тоҷик бо ҷудочии Италия Антонио Эспозито рақобат намуд ва ӯро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.