“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”. Мулоқоти судманд бо аҳолии ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
16.08.2024 15:32
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қурбонмуҳаммад Ашӯриён, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зариф Ализода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили ҳуқуқӣ, Шуҳрат Ғанизода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тақдиршоҳ Шарипов, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, муқовимат бо коррупсияи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо фаъолон ва аҳолии ноҳия мулоқот баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва нақшачорабиниҳои дар ин самт ба тасвибрасида баргузор гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, эҳтиром қонунҳо ва риояи талаботи онҳо, инчунин шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мебошад.
Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ доир ба аҳамияти соли маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон, роҳҳои мусоидат дар беҳтар кардани донишу фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан насли наврас, пешгирии қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани мақоми қонун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки тарбияи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот вобаста ба нақши Конститутсия дар ба даст овардани давлати комилан демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона, оид ба ҷалби ҳуқуқҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва бахши ҳуқуқӣ, сиёсати ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба экстремизм, мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ибрози андеша карда шуд.
Аз иштирокдорони вохӯрӣ тақозо карда шуд, ки дар тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, хурофотпарастӣ, ифротишавии мафкураи насли наврас ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳм гузоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ