ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Имрӯз, 17 август дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба сифати ворисони арзандаву номбардор ва пайравони содиқи Синои бузург баҳри ҳифзу ҳимояи саломатии мардум, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, наҷоти шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ саҳми арзандаву ватандӯстона ва инсонпарваронаи худро мегузоранд.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони азизи мо рушди соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтарини кору фаъолият барои табибон ва кормандони он самти муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар партави дастгирию пуштибонӣ ва лутфу меҳрубониҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафти тамоми самтҳои соҳаи тандурустии мамлакат таъмин гардида, сатҳи иҷтимоии кормандони соҳа ҳамасола боло меравад.
Раиси ноҳия вобаста ба бунёду азнавсозии иншооти соҳа иброз дошт, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлол дар ноҳияи Мастчоҳ низ даҳҳо иншооти соҳа, аз ҷумла марказу бунгоҳҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Барои рушди бахши хусусии соҳа имконият ва заминаҳои мусоид фароҳам гардид, ки ҳоло муассисаҳои хусусии тиббӣ бо маром дар ноҳия фаъолият менамоянд. Ҳоло дар ноҳия бо мусоидат ва таваҷҷуҳи самимии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои наву замонавии чорошёнаи Беморхонаи марказии ноҳия, бо маблағгузории буҷети вилоят бо маром идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҳамзамон зикр карда шуд, ки Тибқи Фармони дахлдори Президенти мамлакат аз моҳи июли соли равон музди моҳонаи табибон ва кормандони соҳа дар радифи дигар кормандони соҳаи буҷавӣ 40 дарсад зиёд гардид, ки ин ғамхории беназир дар ҳаққи аҳли тандурустии мамлакат аст. Табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия аз чунин ғамхорию меҳрубониҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат руҳбаланд гардида, рисолати касбии худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Пас аз сухани табрикотӣ раиси ноҳия бо кормандони соҳа мулоқот доир намуда, вобаста ба мушкилоти соҳа, сифати хизматрасонии тиббӣ ва нақшаву имкониятҳо барои беҳбудӣ бахшидани соҳаи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия суҳбат кард.
Раиси ноҳия зимни мулоқот иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои рушди инфрасохтори соҳа ва қадрдонии заҳматҳои фидокоронаи табибону кормандони тандурустии ноҳия мунтазам тадбирҷӯӣ менамояд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ бо назардошти фаъолияти пурсамари табибон дар ҷомеа як гурӯҳ кормандони соҳаи тибби ноҳия бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, туҳфаву Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Сипосномаву нишони сарисинагии КИ ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ