Оғози даври вилоятии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
16 августи соли ҷорӣ дар МДТ "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон"-и вилояти Суғд даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи шаш номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб" муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода, ҳайати комиссия озмун ва ғолибони даври дуюм иштирок намуданд.
Имсол дар даври сеюми озмун 1330 довталаб аз ҳамаи номинатсияҳо иштирок мекунанд, ки то 25 августи соли равон идома меёбад.
Зимни ифтитоҳи озмун барои таъмини шаффофият ва дар сатҳи баланд баргузор намудани даври сеюми озмун ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, ба иштирокчиён муваффақиятҳо таманно карда шуд.
Баъди маросими ифтитоҳи озмун ҳамаи иштирокчиён ва доварон аз рӯи номинатсияҳо вориди синфхонҳо гардиданд. Ҳамин тавр, рӯзи аввали озмун бо рӯҳияи баланд ва омодагии ҳаматарафа оғоз ёфт.