МАШВАРАТИ ВАСЕИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

20.08.2024 10:59

 

Рӯзи 17 август дар хонаи фарҳанги деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ машварати августии кормандони соҳаи маориф бо иштироки муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят, мудири шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорони соҳа, омӯзгорони эҷодкору фаъол ва дигар масъулини дахлдор баргузор гардид, ки дар он паҳлуҳои гуногуни соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғоз пас аз сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи маориф Сафаров Қудратбек доир ба бурду бохти соҳа дар тӯли як сол ва нақшаҳо барои соли таҳсили нав маълумот дода, зикр намуд, ки соли равон соҳаи маориф дар ноҳия ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. 

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия шурӯъ аз соли 2021 муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1600 адад, дар соли таҳсили 2022 - 2023 бо 400 адад ҷои нишаст, 100 адад тахтаи синфӣ ва моҳи марти соли 2023 бо дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 200 адад ҷойи нишаст, муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия бо 241 адад таҷхизот аз ҷумла 80 адад кати хоб, 80 адад курсӣ, 20 адад миз, 50 адад ҷевон барои либоси кӯдакона, 3 адад мизу 3 адад курсӣ барои мураббияҳо, 5 адад комплект ҷевон барои бозичаҳо таъмин карда шуданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 6 моҳи соли 2024 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 142 адад тахтаи синфӣ, 6 адад компютер, 2 адад телевизор, 2 адад миз, 10 адад курсӣ, зиёда аз 500 адад шифер ва дигар таҷҳизот дастрас гардид. 

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар якчанд муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад. Аз ҷумла бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои муассисаи таълимии маҳаллаи Деҳқонободи шаҳраки Бўстон бо маблағи 12 миллион сомонӣ ва бинои кўдакистон барои 90 нафар дар маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён ба маблағи 1 млн 500 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, сохтмони бинои кўдакистон барои 240 нафар кўдак дар маҳаллаи Навободи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Фирдавсии деҳоти Оббурдон ба маблағи 2 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Бунён” дар назди филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва филиали муассисаи таҳсилоти умумии асосии 6 бинои муассисаҳои таълимӣ иборат аз 4 синфхона бунёд шуда, баробари таъмин шудан ба мизу курсӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамчунин ҷиҳати бартараф намудани таълими себаста дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти хайриявии “Бунён” ва саҳми аҳолӣ сохтмони 4 адад синфхонаи иловагӣ ба анҷом расида, корҳо дар самти бунёди сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 дар арафаи анҷормёбист. Синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ дар умум 800 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Баробари ба истифода додани онҳо мушкили норасоии ҷойи нишаст қисман бартараф мегардад.

Вобаста ба иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ гуфта шуд, ки давоми моҳҳои феврал ва марти соли 2024 даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ байни синҳои 11, синфҳои 9-10 ва синфҳои 7-8 баргузор шуд, ки хонандагони ноҳия сазовори 2 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар олимпмиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии ҳузурӣ 17 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карда, соҳиби 12 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм ва 9 ҷойи сеюм) шуданд. 

Дар машварат ҳамчунин доир ба дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар таваҷҷуҳ шуда, зикр гардид, ки дар ин замина беҳбудиҳо низ ба назар мерасанд. 

Муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода доир ба дастовардҳои соҳаи маорифи ноҳия дар давоми соли равон изҳори назар намуда, зикр кард, ки “бо вуҷуди дастовардҳо то ҳанўз дар раванди таълиму тарбияи насли наврас норасоию муаммоҳо ва мушкилоту камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд роҳбарияти шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаҳои омўзгорӣ барои рафъи онҳо ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ба камол расонидани шогирдони сазовор тамоми саъю талоши худро равона намоянд.”

Ба омӯзгорон ва сарварони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намоянд.

Пас аз анҷоми кори машварат як зумра омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа ва фаъолияти назаррас дар пешрафти таълиму тарбия бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва туҳфаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter