ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ МОРО ДАР ПЕШАНД

20.08.2024 16:19

 

Ба ифтихори 70-солагии Дашти Дилварзин 

Мардуми меҳнаткаши замини бекарони Мастчоҳи бӯстон, ки ин маконро замоне Дашти Дилварзин мегуфтанд ва ҳоло ҳам ин ном вирди забони бузургсолони диёр қарор дорад, бо як ифтихору рӯҳияи баланд пайи иҷрои ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ростӣ, фатҳи дашти Дилварзин ин як навъ имтиҳони нангу номус, ҷасорату мардонагӣ, меҳнатқаринию меҳандӯстии мардуми кӯҳистон буд, ки мастчоҳиён бо кӯмаки тоҷику тоҷикистониён аз ин санҷиш бо сари баланду рӯи сурх гузаштанд. Ҳазорҳо гектар замин азхуд шуда, барои мардуми он сол 17-ҳазораю имрӯз зиёда аз 100-ҳазорнафара зиндагии шоиста барқарор гардид. Соҳаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон, роҳу нақлиёт, алоқаю хизмати маишӣ, мактабу маориф, тандурустию фарҳанг ба таври шинохтанашаванда рушд карданд. Ашхоси соҳиби маълумоти олӣ имрӯз афзуда, зиёда аз 100 нафар номзаду докторон, аспирантону унвонҷӯён сар то сари кишвар кору зиндагӣ доранд. 

Чӣ хеле, ки мегӯянд, бубин тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷост. Мо дар оилаи бародаронаи мардуми ваҳдатсолори кишвари азизамон, ки Тоҷикистон номаш аст, барои истиқболи муносиби ин ҷашнҳои таърихӣ нақшаҳои зиёдеро тарҳрезӣ намуда, зина ба зина аз пайи иҷро ҳастем. Барои рушди тамоми соҳаҳои муҳиму асосии хоҷагии халқи ноҳия ҳама воситаю тадбирҳоро самаранок истифода мебарем.

Маҷмӯи тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, таҳти №305 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона шудааст. Мо таъмиру таҷдид, бунёд ва азнавсозии 735 иншоотро ба нақша гирифтаем. Боиси хурсандист, ки соли 2022-юм 129 адад, соли гузашта 123 адад, ҷамъ 252 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Аз он шоду масрурем, ки истифодаи як зумра иншооти ҷашнӣ ба сафари мубораку пурфайзи ба ноҳияи Мастчоҳ доштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми июли соли 2023 рост омад. Он рӯз бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии «Раҳим», сардхонаи «Бӯстон», фермаи муҷаҳҳаз бо технологияи замонавии «Некбахт» (дар шаҳраки Бӯстон), коргоҳи дӯзандагии «Ёсуман», корхонаи бастубанди чормағзи заминӣ (дар Ҷамоати Палдорак), бинои нави маркази ташхисию табобатии маҷмааи солимгардонии «Сино» (дар Ҷамоати Мастчоҳ), роҳи мошингарди Зарнисор–Бӯстон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин, фаъолияти корхонаи муҳташами «Арвиз зелал текстайл» дар Ҷамоати Суғдиён, Хоҷагии деҳқонии «Тутзор-19» мавриди шиносоӣ гардиданд. Раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ вусъати тоза меёбад.

Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки нақшаҳо дар самти соҳаи саноат мушаххасанд. Имрӯз дар ноҳия 44 корхонаи саноатӣ амал мекунад, ки аз инҳо 10 коргоҳи пахтатозакунӣ, 3 корхонаи хиштбарорӣ, 1 корхонаи истеҳсоли семент, 4 коргоҳи равғанбарорӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 1 корхонаи коркарди хӯроки паранда, 2 корхонаи коркарди регу шағал ва сангҳои ороишӣ, корхонаи коркарди дару тирезаҳои пластикӣ дар хизмати мардуманд. Мувофиқи маълумоти оморӣ корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024 ба маблағи 153 миллиону 938 ҳазору 200 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2023 978 ҳазору 400 сомонӣ зиёд аст, ки 106 фоизро дарбар мегирад. Ният дорем, ки дар ин самт бо истифода аз технологияи пешқадам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд кунем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давраи омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги миллӣ хизматрасониро дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, алоқа, роҳ, савдо, хизмати маишӣ мавриди баррасию рушд қарор хоҳад дод. Ду корхонаи нақлиётӣ, яке боркашонӣ, дигаре мусофиркашонӣ дар хизмати мардуманд. Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар тавозунаш 3,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ, 2,7 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ дорад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо 4 миллиону 510 ҳазор сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо шуда, дар 3,9 километр таъмири асосӣ, 17 километр таъмири ҷорӣ анҷом дода шудааст. Ду пул аз таъмир бароварда шуд. Бо қувваи аҳолӣ ва соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия 3 километр аз таъмири асосӣ, 8 километр аз таъмири ҷорӣ, 6 километр сангфаршу як пул аз таъмир бароварда шуд, ки 1 миллиону 171 сомониро ташкил дод.

Лекин моро дар соҳаи мактабу маориф муаммоҳои зиёде ба ташвиш наоварда наметавонанд, аммо дар умум қаноатбахш арзёбӣ мегарданд. Пеш аз ҳама иштироки хонандагон дар дарсҳо, нарасидани китобҳои дарсӣ, норасоии омӯзгорон, ба талабот ҷавобгӯ набудани ҳолати тозагӣ. Кумитаи падару модарон на дар ҳамаи мактабҳо фаъолияти муназзам дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо омӯзгорон, падару модарон, шӯъбаи маориф, зиёиён кори таълиму тарбияро аз решааш ҷоннок кунем, бояд самаранокии сарфи маблағҳои буҷет дар ин соҳаи ҳаётан муҳим таъмин карда шавад. Фаъолияти хуби алоҳидаи мактабҳо далели он аст, ки дар сурати кори якҷоя мо албатта, самараи хуби таълимро муяссар мегардем. Имрӯз дар 48 муассисаи таълимӣ, 43 тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ 29 ҳазору 419 нафар хонанда, аз ҷумла, 13 ҳазору 828 нафар духтарон ба хониш фаро гирифта шудаанд. Аз 1782 нафар омӯзгорон 63,5 фоизашро занон ташкил медиҳанд, яъне 1138 нафар. Дар хизмати хонандагону омӯзгорон 1045 адад компютер, 106 адад принтер, 49 то тахтаи электронӣ, 84 адад ноутбук, 54 адад прожекторҳои мултимедиавӣ гузошта шудаанд. Аммо истифодаи самараноки ин воситаю имкониятҳоро ташкил карда тавонистан масъулият, дониш, омӯзиш, истифодаи дурусти таҷриба, ташаббускорӣ, қолабшиканӣ, дарёфти роҳҳои дурусти таълиму тарбияро тақозо дорад. Бо чунин пойгоҳи таълимӣ фарзандони мо метавонанд иштирокчии олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун бошанд, дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ аз худ дарак диҳанд. Чаро не! Охир ягона Рассоми халқии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комил Ёдгоров хатмкунандаи МТМУ №3, ба номи фотеҳи фаъоли дашти Дилварзин Гадо Умарӣ мебошад. Дорандаи Шоҳҷозаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» омӯзгори консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторов, фориғуттаҳсили МТМУ №16 ба номи Ҷонмаҳмад Холиқов аст. Хатмкардаи МТМУ №15, ба номи Насим Салимов Кристина Пронженко иштирокчии Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де_Жанейро (Бразилия, 2016) буд. Чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ Маҳмад Миров шогирди яке аз куҳантарин дабистонҳо МТМУ №2 буд. Вале имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии ҷавонони мо бояд бештар аз пештар амалӣ гардонида шаванд.

Дар бораи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, ҳаминро қайд менамоям, ки фаъолияти 48 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла, Беморхонаи марказии ноҳия бо 275 кату 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ бо 310 кат, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сил бо 25 кат, Маркази саломатии ноҳиявӣ, 11 маркази саломатии деҳот, 17 бунгоҳи тиббӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 4 маркази махсусгардонидашуда дар заминаи Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 7 муассисаи хусусӣ бо шумули 131 духтур (77 нафар дорои дараҷаи олӣ) ва 576 нафар корманди миёнаи тиб дар ин самт фаъолият доранд. Инчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақвияти инфрасохтори соҳаи тандурустӣ дар соли сипаришуда бо маблағгузории буҷети вилоятӣ бунёди бинои чорошёнаи беморхонаи марказии ноҳия оғоз гардид, ки арзиши лоиҳавии он зиёда аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Кишоварзони ноҳия аз таваҷҷӯҳи хосаю доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа неруи тоза гирифта, соли гузаштаи истеҳсолӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиарду 441 миллиону 832 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2022-юм 392 миллиону 674 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 137,3 фоизро ташкил дод. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбати соли пешин кишоварзони ноҳия бештар пахта, ғалладона, сабзавот, картошка, полезӣ, меваҷот, ангур истеҳсол карданд. Суръати афзоиш дар соҳаи чорводорӣ ҳам 101-122 фоизро ташкил дод. Порсол чорводорон истеҳсоли гӯштро ба 112 фоиз, шир 108,2, тухм 101, асал 138,8, пашм 109,2 фоиз расониданд. Марди деҳқон баъди тантанаҳои наврӯзӣ чун анъанаи неки аҷдодон рӯ ба киштзор ниҳод. Мо бо дуои пирони кор ва ҳидояту маслиҳати Раиси муҳтарами вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кишти пунбадонаро аз хоҷагии деҳқонии  «Ҷумъа Одина»-и Ҷамоати деҳоти Палдорак шурӯъ кардем. Раиси вилоят ба пахтакорони хоҷагии деҳқонии «Оли Сомон» ҳам барои барори киштукори соли ҷорӣ фотеҳаи нек доданд. Дар ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 6500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, самти асосии 3800-тои он ба пахтакорӣ нигаронида шудааст. Деҳқонон азм доранд, ки имсол дар 12440 гектар пунбадона партофта, ҳосилнокии ҳар қитъаро ба 25-30 сентнерӣ мерасонанд. Кишоварзон талош доранд, ки дар 23321 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузоранд. Аз ҷумла, барои анҷоми саривақтии кишти пунбадона 1100 тонна чигит захира карда шудааст, аз ҷумла, навъҳои «Иншай-2», «Дӯстӣ-Инхай», «Султон» омодаи коранд. Рушду нумуи соҳаи кишоварзии ноҳия таҳти таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, чанде пеш мо бо кӯмаку дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соҳиби муҳаррики барқӣ бо тамоми таҷҳизоташ ва 100 метр қубурҳои қутраш 820 мм ба маблағи умумии зиёда аз 3,3 миллион сомонӣ гардидем. Умуман, ноҳияи мо дорои 17 пойгоҳи обкашӣ бо фарогирии 56 дастгоҳи барқӣ буда, тавассути он 22500 гектар замин обёрӣ карда мешавад. Инчунин, ба воситаи 570 адад чоҳи амудӣ кишоварзон дар мавсим бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Имрӯз дар ноҳия ду Қасри фарҳанг, филармонияи халқӣ, Хонаи фарҳанги шаҳраки Бӯстон, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 клуб, мактаби бачагонаи санъат, Боғи фарҳанги «Тоҷикистон», Китобхонаи марказӣ, 17 филиал-китобхонаҳои деҳот ва Боғи фарҳангу истироҳат амал мекунад.

Мо барои рушди соҳаи варзиш беҳтарин имкониятҳоро дорем. Варзишгоҳи замонавӣ, ки ғунҷоиши 10 ҳазор нафар тамошобинро дорад, Қасри паҳлавонони Суғд, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҳои худро ба рӯи дӯстдорони варзиш кушодаанд, дар хизмати ҷавононанд. Танҳо аз ин имкониятҳо бояд масъулони соҳа дуруст истифода баранд, ташаббускор бошанд, беҳтаринҳоро ба тамрин ҷалб намоянд. Имкониятҳои мактаби бачагонаи варзишӣ ҳам барои тарбияи ҷавонони лаёқатманд мусоидат мекунанд. Ҳоло дар ноҳия 8 варзишгоҳ, 28 майдончаи варзишӣ, 40 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ фаъоланд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди сайёҳӣ, ки аз Паёми охирини Сарвари давлат бармеоянд, дар ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо иштироки соҳибкорон дар маркази ноҳия сохтмони меҳмонхонаи сеошёна, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, истгоҳи нақлиёт дар назар аст. Алҳол дар ноҳия 7 мавзеи сайёҳӣ, 2 меҳмонхона, маркази ташхисию табобатии "Сино", ошхонаҳои замонавӣ, нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ, шабакаҳои алоқа дар хизмати сайёҳон буда метавонанд. Инчунин, осоишгоҳи «Сиёвуш» ва мавзеи «Арчазор» барои истироҳату фароғати сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷои муносибанд. Бо мақсади рушди соҳа яке аз ҷонишинони раиси ноҳия вобаста карда шудааст. Дар даромадгоҳи ноҳия харитаи сайёҳии Тоҷикистон дар хизмати сайёҳон аст.

Суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли ҷорӣ баргузор гардид, барномаи амали мо ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки ин баромади барномавии Сарвари муаззам дар ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо карда, ҳама ҷо мардум аз муҳтавои барои зиндагии шоистаи имрӯзаи мо бисёр зарури он маҳфилороӣ доранд.

Ализода Аъзам Наврӯз,

раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter