МАСТЧОҲ: Баргузории ситоди корӣ оид ба ҷамъоварии андозҳо, омодаги ба даъвати тирамоҳӣ ва вусъати корҳои тозагию ободонӣ
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти раёсати раиси ноҳия Аъзам Ализода ситоди корӣ баргузор гардид.
Дар кори ситод масъалаҳои таъмини қисми даромади буҷети ноҳия, ҷамъоварии саривақтии андозҳои маҳаллӣ, омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ ва сафарбарии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, соли нави таҳсил ва вусъати корҳои тозагиву ободонӣ дар деҳот ба истиқболи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар кори ситод прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода, сардори ШВКД дар ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода, нозироти андоз, комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳо омӯзгорону имомхатибони масҷидҳо иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода бо таваҷҷуҳ ба рафти ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ, хусусан андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва андози замин аз шахсони воқеӣ изҳори нигаронӣ намуда, масъулинро вазифадор намуд, ки дар ин самт корбариро ҷоннок намоянд.
Дар идомаи кори ҷаласа сардори нозироти андоз ва комиссари ҳарбии ноҳия доир ба таъмини қисми даромади буҷети ноҳия ва омодагӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ маълумот манзур намуданд.
Прокурори ноҳия ва сардори ШВКД аз роҳбарияти нозироти андоз ва комиссарияти ҳарбии ноҳия талаб намуданд, ки рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз пардохти андоз саркашӣ карда, уҳдадориашонро дар назди қонун иҷро намекунанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намоянд, то дар доираи қонун нисбаташон чораҳои дахлдор андешида шавад. Ҳамчунин барои омодагӣ ва муташаккилона сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони кумитаи маҳаллаҳо вазифадор гардиданд, ки дар ҳамбастагӣ бо мақомот иҷрои нақшаҳои пешбинигардидаро таъмин намоянд.
Дар охир раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷиҳати тозагии муҳити зист ва вусъати корҳои ободонӣ дар шаҳраку деҳот ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини саривақтии қисми даромади буҷети ноҳия, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва соли нави таҳсил, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ