МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ ХИЗМАТИ ШОИСТА МУБОРАК, МУҲТАРАМ РАИС!
Санаи 29 август дар Қасри миллат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони
касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд,
мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Сарвари давлат
таъкид доштанд, ки “дар фазои тантанавӣ баргузор гардидани маросими
мукофотсупорӣ худ рамзи эҳтироми роҳбарияти давлат ба хизматҳои шоистаи ҳар як
шахс мебошад. Қадрдонӣ кардан бо мукофоти давлатӣ, ҳамчунин, эътирофи фаъолияти
пурсамару ибратбахши давлативу ҷамъиятӣ, истеҳсоливу соҳибкорӣ ва эҷодиву
фарҳангӣ дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоду фарҳанги миллӣ ва
пойдории сулҳу субот дар ҷомеа мебошад”.
Зимни суханронӣ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу
кори гуногун, аз ҷумла олимону омӯзгорон, табибон, шоирону нависандагон, аҳли
фарҳангу санъат, кормандони дипломатӣ, коргарону бинокорон, кишоварзон ва
соҳибкоронро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд,
махсус таъкид намуданд.
Барои
дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди
илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дар ин маросим бештар аз 200 нафар
аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Бо фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи
илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги
мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва
дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Як нафар бо
унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 кас бо унвони фахрии Шоири халқии
Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 4 кас бо
унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди
шоистаи Тоҷикистон, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф
дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар
бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз
гардонда шуданд.
Дар ин миён раиси
ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Аъзам Ализода барои хизматҳои шоён бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардид. Ҳамчунин соҳибкори муваффақу
ватандӯст Фахриддин Зокиров бо мукофоти давлатии медали Хизмати шоиста ва донишманди
тоҷик, муҳаққиқи барҷаста, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамдиёри мо –
Мирзо Шукурзода бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд, ки
барои ҳар як сокинони ноҳия боиси шодмониву ифтихор аст.